ШОМИ ФАРҲАНГИИ «ШАҲДИ ИСТИҚЛОЛ» ДАР БОҒИ «КУРУШИ КАБИР»


15 августи соли 2026 дар Боғи фарҳангии «Куруши Кабир» бо ташаббуси Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ шоми фарҳангии «Шаҳди Истиқлол» баргузор гардид.
Чорабинӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, дар он устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд.
Дар доираи барномаи фарҳангӣ суруду таронаҳои ватандӯстона, рақсу мусиқӣ ва дигар намоишҳои ҳунарӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуданд. Дар барномаи фарҳангӣ Истиқлоли давлатӣ, сулҳу ваҳдати миллӣ, Ватан ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ васф гардиданд.
Баргузории чунин чорабиниҳо ба таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангиву маънавии миллӣ дар миёни ҷавонон мусоидат менамояд.